Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар Остона сазовори медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев 17 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумиати миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар ду мусобиқа иштирок карда, дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6.89 сония ҷои сеюмро гирифт. Ду ҷои аввалро дар ин масофа варзишгарони Ҳонг Конг – Ҳонг Кит Ли (6.77) ва Кам Чинг Шак (6.75) сазовор шуданд. Дар ҷаҳиш ба дарозӣ бошад, Илдар ҷои нуҳумро ишғол кард.
Ба барномаи мусобиқа 15 сабқати варзиши сабук миёни мардҳо ва занон ворид гардида буд. Ҳамчунин дар доираи мусобиқа дав миёни устодон дар масофаи 800 метр ва сабқат миёни кӯдакон дар масофаи 60 метр ва эстафетаи омехтаи 4х200 метр доир шуд.
Дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Амин Туяков варзишгарон аз Ҳонг Конг, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистон ширкат карданд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал 100 000 танга, ҷои дуюм 50 000 ва ҷои сеюм 30 000 танга.
Хотиррасон мешавем, ки Амин Елемисович Туяков варзишгари Иттиҳоди Шӯравӣ дар масофаҳои кӯтоҳи дав — ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ИҶШС, рекордгузори ИҶШС, ғолиби Ҷоми Аврупо ва ҷоизадори Чемпионати Аврупо мебошад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






