Варзишгарони ноҳияи Роштқалъа дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди муайтай соҳиби 8 медал гардиданд
ХОРУҒ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа гурӯҳи варзишгарони ин ноҳияро, ки дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди муайтай 8 медал ба даст овардаанд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд ва ба онҳо ифтихорномаҳо ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Дастаи мунтахаби муайтай аз ҳисоби дастпарварони Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа ташкил шуда, мураббии шинохта, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушомад Алидодов дастаро давоми ду моҳ аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ ба мусобиқа омода намуд.
Намуди муайтай ё худ бокси тайландӣ дар айни замон дар байни ҷавонону наврасон аз маҳбубияти хос бархурдор аст. Дар ин намуди варзиш усулҳо ва зарбаҳои хеле ҷолибу зебо истифода мешаванд ва сол аз сол таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ва ҷавонон нисбат ба ин намуди муҳорибаи тан ба тан бештар мегардад. Ҳатто варзишгарони дигар намудҳо, аз ҷумла карате ва бокс низ талош меварзанд, ки дар тамринҳои ҳамарӯзаи худ аз тарзу усулҳои мухталифи муайтай кор бигиранд. Яке аз дигар омилҳои рӯ ба ин намуди варзиш овардани наврасону ҷавонон ва зиёд гардидани мухлисон- пайваста баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ мебошад.
Мураббии даста Хушомад Алидодов гуфт, ки «ширкати шогирдонаш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз як тараф, агар малакаву маҳораташонро боло барад, аз тарафи дигар, мулоқот бо ҳамсолон, шиносоӣ бо варзишгарони соҳибтаҷриба ва сайру саёҳат ба маконҳои зебоманзари пойтахти мамлакат меҳру муҳаббати онҳоро ба варзиш ва бахусус ба яке аз намудҳои ҷолиби он- муайтай афзун мегардонад».
Дар мусобиқаи навбатие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 300 нафар варзишгарони наврас аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Ин мусобиқа дар се синн – барои ҷавонон, наврасон ва кӯдакон гузаронда шуд ва дар он ҳам писарон ва ҳам духтарон дар ҳайати ҳамаи дастаҳо ҳузур доштанд.
Баъди рақобатҳои шавқовару диданӣ ва омӯзанда се нафар аз дастпарварони Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа Қурбонсултон Алидодова дар байни духтарон, Темурбек Парпишоев дар байни наврасон ва Адис Кабиров дар байни кӯдакон сазовори мақоми аввал ва медали тилло гардиданд.
Ҳамчунин дар ин мусобиқа Қурбонсултон Алидодова, ки қаблан номзад ба унвони Устоди варзиш буд, пас аз гирифтани мақоми аввал чун варзишгари умедбахш соҳиби унвони баланди Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар мусобиқаи мазкур шогирдони Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа Хурсанд Назарбеков байни ҷавонон ва Юсуф Мародбеков байни кӯдакон, Исфандиёр Алидодов, Руслан Кабиров байни наврасон ва Дидор Маҳрамбеков байни кӯдакон ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил гаштанд.
Ба гуфтаи мураббии даста Хушомад Алидодов, «барои варзишгарони наврас, ки асосан дар гурӯҳҳои таэквондо ва киёкушикай тамрин мекунанд, ширкат дар чунин мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ аз намуди муайтай таҷриба ва сабақи хуби варзишӣ хоҳад буд».
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






