Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу сазовори ду медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷараён дорад, варзишгарони шинохтаи тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг ба гирифтани медали нуқра, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг ба гирифтани медали биринҷӣ, Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 55 кг ва Мирзоев Шаҳбоз дар вазни 60 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гардиданд. Дар ин бора президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода аз макони мусобиқа ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Сомон Турсунзода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгар аз Федератсияи Россия, дар даври сеюм бар варзишгар аз Чеченистон, дар даври чорум бар варзишгар аз Россия дастболо шуда, дар финал аз варзишгари доғистонӣ шикаст хӯрд ва сазовори медали нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 13 декабр оғоз гардид ва то 18 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия идома меёбад. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг, Мустафо Шерализода дар вазни 30 кг, Масъуд Убайдов дар вазни 30 кг, Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 56 кг, Бобоҷон Мамадаминов дар вазни 60 кг, Шукрулло Мамасолеҳов дар вазни 75 кг, Қосимҷон Суфиев дар вазни 75 кг, Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кг, Алиакбар Исозода дар вазни 80 кг ва Шаҳзод Мирзоев дар вазни 60 кг иштирок мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз










Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






