Вазъи саломатии чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол Пеле бад шудааст

Декабрь 22, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бораи бад шудани саломатии чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол Пеле пизишкони собиқ футболбоз хабар доданд. Дар ин бора ТАСС навиштааст.

Ба гуфтаи табибон, Эдсон Арантис ду Насименту (Пеле), ки барои танзими курси химиотерапия барои саратони рӯдаи рост ва муолиҷаи сирояти роҳи нафас дар беморхона бистарӣ шуда буд, тамоюли манфии бемории онкологӣ ба вуҷуд омадааст. Духтурон тавзеҳ доданд, ки ӯ то ҳол ба шуъбаи эҳё ниёз надорад ва дар шуъбаи муқаррарӣ қарор дорад.

Қаблан духтари Пеле- Келлӣ Насименту хабар дода буд, ки падараш Мавлуди Исоро бо аҳли оилааш таҷлил намекунад, зеро ӯ маҷбур шуд, ки бинобар нишондиҳандаҳои тиббӣ дар бемористон бимонад.

Ёдовар мешавем, ки футболбози ҷаҳонӣ, чемпиони секаратаи ҷаҳон дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия Пеле бинобар бад шудани вазъи умумиаш ба таври ғайринақшавӣ дар беморхона бистарӣ шуд.

Ба гузориши ESPN, пизишкони Пелеи 82-сола гуфтаанд, ки курси химиотерапия барои рафъи варамҳои бадани ӯ кумак накардааст. Илова бар ин, дар бадани Пеле омоси сершумор ба вуҷуд омада,  кори дилаш номӯътадил гардидааст. Дар Пеле ҳолатҳои беҳушӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.

АКС: аз саҳифаи шахсии Пеле дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Декабрь 22, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид