Завқӣ Завқизода ва Давид Грихтинг масъалаи зиёд кардани гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Швейтсарияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Давид Грихтинг баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни мулоқот З. Завқизода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Конфедератсияи Швейтсария таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар натиҷаи тақвияти ҳамкорӣ тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 ба 285, 4 млн доллар баробар гардида, ин нишондиҳанда соли 2021 39,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо оид ба тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар, ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон ва Швейтсария табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳарду кишвар, бахусус бамаротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.
Вобаста ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла тадриҷан зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулот аз алюминий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ироа гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш додан ва самаранок истифода бурдани ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






