35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар Кӯлоб бинои 13-ошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад
КӮЛОБ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сотхмони бинои баландошёна оғоз гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Сохтмони бинои 13-ошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкор, роҳбари ҶДММ «Шаҳриёр-44» Шаҳриёр Раҷабзода оғоз гардида, дар 2 ошёнаи он маркази савдо ва хизматрасониҳо ҷой гирифта, мувофиқи нақша 110 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Масъулин тасмим гирифтанд, ки корҳои сохтмониро бо сатҳу сифати баланд ба роҳ монда, то арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ онро ба истифода диҳанд.
Тавре соҳибкор Шаҳриёр Раҷабзода иттилоъ дод, дар сохтмони бино 13 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида, 4 адад техникаҳои муосир сафарбар гардидаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ ва навсозии иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома доранд. Дар корҳои сохтмонӣ асосан соҳибкорон ҷалб гардида, тасмим гирифтанд дар оянда шаҳрвандонро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин намуда, симои Кӯлобшаҳрро дигаргун созанд.
Дар шаҳри Кӯлоб то инҷониб беш аз 400 иншооти хурду бузург ба истифода дода шуда, нақша доранд то ҷашни дар пешистода шумораи биноҳҳои навсохтро бештар намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






