Ҳамкории табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти истеҳсоли дорусозӣ ва молҳои тиббӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони 5 ширкати дорусозии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дорусозӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии сафари намояндагони Тоҷикистон- ин пеш аз ҳама, шиносоӣ пайдо намудан бо истеҳсолкунандагони маводи доруворӣ ва молҳои тиббии Эрон, боздид аз майдончаҳои истеҳсоли онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду мамлакат, дар ин замина афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Дар доираи сафар миёни Тоҷикистон ва Эрон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамкории табибони Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯз то рӯз густариш меёбад. Дар назар аст, ки ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ низ идома пайдо кунад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди саноати дорусозиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин унвон карданд.
«Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд», — дастур доданд Сарвари давлат зимни ироаи Паём.
Дар Тоҷикистон соли 2022 дар 55 корхонаи дорусозӣ 540 номгӯй доруворӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2021 се баробар зиёд мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд






