Ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ ба сафарбарии ҷузъу том бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зимни ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар баробари баррасии самтҳои муассири фаъолияти корӣ бо дарназардошти пешрафту тараққиёти ҷомеаи муосир, фановариҳои ҷадиди илми ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, инчунин вазъи ҳарбӣ-сиёсии минақаву ҷаҳон низ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.
Масъулияти ташкил ва баргузории ҷамъомадро афсарони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бар уҳда доштанд.
Сардорони ситод дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг вазифаҳои муҳим ва ҳам масъулиятноки низомиро бар уҳда доранд. Аз ин ҷост, ки донишу малакаи касбии худро пайваста дар самти ташкил ва дар сатҳи зарурӣ идора кардани ҷузъу томҳо, омодагии ҷангиву сафарбарии қӯшунҳо, ташкили хизмати қаровуливу тартиботи дохилӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва ахлоқию рӯҳияи ҳайати шахсӣ ва иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои дар наздашон буда такмилу тақвият мебахшанд.
Ҳамоиш бо ҷалби сардорони ситоду муовинони онҳо, афсарон оид ба сафарбарии ҷузъу том, намояндагони хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ аз тамоми қисму воҳидҳои низомӣ доир гардид.
Ҷамъомади навбатӣ мавзӯи машғулияти афсарони масъули ситодро, ки дар пойгоҳи моддӣ-техникии Донишкадаи ҳарбӣ ба омӯзишу баҳрабардории он фаро гирифта шудаанд, инчунин тартиби самтгирӣ дар маҳал ё самтгирии маҳалнигорӣ, ташкили хизмати қаравулӣ ва тайёрии қаравулҳо, тартиби гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони эҳтиётӣ ва дигар мавзӯю масъалаҳоро дар бар гирифт.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






