Ҳанс Клюге: «Авҷи беморӣ дар Чин ба вазъи COVID-19 дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт»
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Авҷи беморӣ дар Чин ба вазъи эпидемиологии COVID-19 дар минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад, таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 10 январ директори Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо, доктор Ҳанс Клюге (ДАР АКС) зимни нишасти матбуотӣ дар Копенгаген хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи ин ташкилот.
Бар асоси маълумоти дастраси СУТ, навъҳои вируси SARS-CoV-2, ки дар Чин паҳн мешаванд, аллакай дар Аврупо ва дигар кишварҳо ошкор гардидаанд.
Бино ба таъкиди Клюге, он кишварҳои аврупоӣ, ки айни ҳол чораҳои эҳтиётии сафарро ҷорӣ менамоянд, бояд ба далелҳои илмӣ асос ёбанд ва худи тадбирҳо бояд «мутаносиб бо таҳдид бошанд ва ба табъиз оварда нарасонанд».
«Дар минтақаи мо шумораи ками ҳолатҳои сироятёбӣ бо XBB.1.5. ба қайд гирифта шудааст, вале он дар ҳоли афзоиш буда, барои арзёбии таъсири эҳтимолии он кор карда истодаем», — гуфт директори минтақавии СУТ дар Аврупо.
Клюге аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ даъват кард, ки «саъю кӯшиши худро барои татбиқи стратегияҳои муассири собитшуда ва пешгириро дучанд намоянд ва аз худбоварӣ (бардурӯғ) дурӣ ҷӯянд».
АКС аз манбаъҳои боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






