Қазоқистон содироти пиёзро барои се моҳ манъ кард

Январь 18, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи байниидоравӣ оид ба сиёсати савдои хориҷӣ ва иштирок дар ташкилоти иқтисодӣ тасмим гирифт, ки содироти пиёзро ба муҳлати 3 моҳ манъ кунад, то содироти оммавии пиёз аз Қазоқистон ҷилавгирӣ ва ба эътидол овардани нархи он пешгирӣ карда шавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Қазоқистон иттилоъ дод.

«Талаботи зиёди кишварҳои сеюм ба пиёзи Қазоқистон ба офатҳои табиӣ дар Покистон, ки яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ин маҳсулот дар Осиё ва ҷаҳон маҳсуб мешавад, алоқаманд аст. Обхезӣ дар ин кишвар боиси болоравии нархи пиёз дар ҷаҳон, аз ҷумла дар бозори Қазоқистон гардид. Сардиҳои шадид дар минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон ва ҳамчунин дар Узбекистон, ки дар он миқдори зиёди маҳсулот вайрон шуд, ба нархи пиёз таъсири иловагӣ расонданд. Акнун истеҳсолкунандагони асосии пиёз маҳсулоти Қазоқистонро фаъолона ворид мекунанд», — шарҳ доданд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Бюрои омори миллӣ, соли 2022 ҳосили пиёз дар ин кишвар 1,1 миллион тоннаро ташкил дод. Сокинони Қазоқистон ҳамасола 3 маротиба камтар, ба ҳисоби миёна 315 ҳазор тонна истеъмол менамоянд.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, имрӯз захираи тасдиқшудаи пиёз дар ин кишвар 152,4 ҳазор тонна ё ҳамагӣ 14%-и ҳосили соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ин ҳаҷм то ҳосили нав кофист, бинобар ин, ҷорӣ намудани маҳдудияти содиротӣ хатари баровардани тамоми пиёзи боқимондаро аз Қазоқистон аз байн мебарад.

«Дар Қазоқистон нархи яклухти пиёз то ҳол дар ҳудуди 150-170 тин барои як кило буда, дар Россия ва Узбекистон нархи он ҳудуди 240 тин муқаррар шудааст. Бино ба гузориши Qaztrade, Узбекистон ва Тоҷикистон аллакай нисбат ба содироти пиёз маҳдудият ҷорӣ кардаанд. Ҳукумат вазъ дар кишвар ва ҷаҳонро бодиққат назорат хоҳад кард, то ояндаи наздик бо беҳтар шудани вазъи бозор тамоми маҳдудиятро сари вақт бекор намояд», — гуфтанд дар вазорат.

Бо мақсади ба ҳадди ақалл расонидани пайомадҳои манфии манъи содироти пиёз барои кишоварзон дар айни замон механизмҳои гуногуни хариди пиёз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи корпоратсияҳои иҷтимоию соҳибкорӣ дар фондҳои баэътидоловарӣ, инчунин бо роҳи қолаби баръакс тавассути шабакаҳои чакана татбиқ карда мешаванд.

АКС: Zakon.kz

Январь 18, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд