БИШКЕК ДАР САДРИ РӮЙХАТИ 100 ШАҲРИ ДОРОИ ҲАВОИ ОЛУДА ҚАРОР ГИРИФТ. Миёни чанд шаҳри ИДМ, ки ба ин феҳрист шомил шудаанд, ягон шаҳри Тоҷикистон нест
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 16 январ Бишкек аз рӯи олудашавии ҳаво дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар сомонаи ширкати швейтсарии IQAir, ки раддабандӣ (рейтинг)-и сифати ҳаворо нашр мекунад, хабар дода шудааст.
Бино ба маълумоти ширкат, олудагии ҳаво дар пойтахти Қирғизистон 306 AQI (индекси сифати ҳаво) аст, ки ба сатҳи «хатарнок» мутобиқат мекунад.
Дар ҷойи дуюм Дакка (Бангладеш) — 179 AQI ва дар ҷойи сеюм Деҳлӣ (Ҳиндустон) — 176 AQI мебошанд. Дар ин шаҳрҳо дараҷаи тозагии ҳаво «зараровар» арзёбӣ мешавад.
Ба рӯйхат ҳамчунин Кобул (Афғонистон, ҷойи 7-ум), Шанхай (Чин, 16-ум), Тошканд (Узбекистон, 22-юм), Остона (Қазоқистон, 25-ум), Пекин (Чин, 29-ум), Истанбул (Туркия, 33-юм), Солт-Лейк-Сити (ИМА, 43-юм), Будапешт (Маҷористон, 45-ум), Киев (Украина, 50-ум), Варшава (Лаҳистон, 52-юм), Москва (Россия, 57-ум), София (Булғористон, 58-ум), Денвер (ИМА, 62-юм), Лондон (Британияи Кабир, 63-юм), Киото (Ҷопон, 65-ум), Берлин (Олмон, 80-ум) ва дигар шаҳрҳо шомил шудаанд.
Қобили зикр аст, ки миёни шаҳрҳои ИДМ, ки ба ин раддабандӣ шомил гардидаанд, ягон шаҳри Тоҷикистон нест.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






