Ӯ БО КРИШТИАНУ БОЗӢ МЕКУНАД. Ҳамлагари узбек Ҷалолиддин Машарипов, ки пеш аз Роналду ба «Ал-Наср» рафт, кист?

Январь 12, 2023 12:43

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Эҳтимол аксарият хабарҳоро  дар бораи он, ки ҳамлагари дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ Ҷалолиддин Машарипов рақами 7-ро ба Криштиану Роналду  надодааст ва барои ин амалаш ӯро ба фурӯш гузоштаанд, хондаанд. Ин хабари  дурўғ (фейк) баромад — Машарипов ва роҳбарони даста ин овозаро рад карданд.

Қаблан хабар расид, ки Роналду рақами ҳафтро аз Машарипов гирифтааст ва гўё Ҷалолиддинро бинобар надодани рақами «ҳафт» ба ҳайати дастаи дуюм гузарониданд.

Вақте чунин овозаҳо паҳн шуданд, ҳамлагари узбек чунин гуфт: «Ин ба ҳақиқат наздик нест. Ба изҳороти дирӯза дар Instagram (Машарипов пахши мустақим кард ва дар он ҷо гуфт, ки Роналду рақами ӯро гирифтааст) бояд бо ҳазлу шӯхӣ муносибат намуд. Онҳое, ки маро нағз мешиносанд, инро зуд дарк карданд.

Нақшаҳо? Дар «Ал Наср» Роналдуро бодиққат мушоҳида кардан. Ӯ яке аз беҳтарин бозигарони замони худ аст. Аз Криштиану метавон чизҳои зиёдеро омӯхт».

Хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум кард, ки ин ҳамлагар аз Узбекистон, ки акнун бо Роналду бозӣ менамояд, кист? Муфассал дар бахши русии сомона.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 12, 2023 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард