БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024. Рақибони мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқоти интихобии муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи натиҷаи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футболи бонувон, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо дастаҳои Филиппин, Гонконг ва Покистон бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 26 дастаи занона ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешаванд: панҷ гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ иборат аз се даста. Бозиҳои даври аввал аз 3 то 11 апрел баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки онҷо панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозигӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024:
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Урдун, Тимори Шарқӣ, Бутан.
Гурӯҳи «В»: Мянмар, Эрон, Бангладеш, Малдив.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Непал, Фаластин, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Муғулистон, Сингапур, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Гонконг, ТОҶИКИСТОН, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Тайбейи Чин, Индонезия, Лубнон.
Гурӯҳи «G»: Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






