Бозигари «Шахтёр»-и Донетск рекорди гузаришро миёни футболбозони кишварҳои ИДМ нав кард

Январь 16, 2023 12:26

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари «Шахтёр»-и Донетск Михайло Мудрик 15 январ расман ба дастаи «Челси»-и Лондон гузашт. Маблағи гузариш 70 миллион евроро ташкил дода, 30 миллион еврои дигар ҳамчун мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спорт-Экспресс».

Ҳамин тариқ, Мудрик рекорди гузариши футболбозони кишварҳои пасошӯравиро, ки соли 2006 аз ҷониби бозигари дигари украинӣ Андрей Шевченко ҳангоми гузаштан ба «Челси» аз дастаи «Милан»-и Италия гузошта шуда буд, нав кард. Тибқи иттилои Transfermarkt, он вақт дастаи «Челси» барои ин бозигар 43,8 миллион евро пардохт намуда буд.

Фурӯши Мудрик низ барои «Шахтёр» рекордӣ гардид. Рекорди фурӯши қаблии ин даста нимҳимоятгари бразилӣ Фред буд, ки соли 2018 ба маблағи 59 миллион евро ба дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия рафт.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2014 даста бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи «Донбасс Арена», ки 29 августи соли 2009 кушода шуд, баргузор мекард. Бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина «Шахтёр» ба Киев кӯчид ва аз соли 2014 пойгоҳи «ангишканон» маҷмааи олимпии «Святошин» буд. Солҳои 2014-2016 «Шахтёр» аксари бозиҳои хонагии худро дар «Арена Лвов»-и Лвов ва аз феврали соли 2017 то марти соли 2020 дар варзишгоҳи олимпии «Металлист»-и Харков баргузор кардааст. Аз моҳи майи соли 2020 варзишгоҳи хонагии «Шахтёр» Варзишгоҳои марказии «Олимпийский» дар Киев мебошад. Шартнома барои бозӣ кардани «ангиштканон» дар «Олимпийский» барои се сол баста шудааст.

АКС: Rusfootball

Январь 16, 2023 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд