Дар Душанбе барои эминии парандагон ва ҳайвонот аз сардӣ корҳои биотехникӣ анҷом дода шуданд

Январь 15, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эмин будани парандагон ва ҳайвонот аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар талу теппаҳои Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» корҳои биотехникӣ анҷом дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сарраёсати мазкур иттилоъ доданд.

Нахуст ба миқдори 300 кг донагӣ ва 25 баста алафи хушк дар минтақаҳои ҳудуди боғ ҷойгир карда шуда, ин кор минбаъд низ амалӣ мегардад.

Масъулини Сарраёсат иброз намуданд, ки бо сард омадани зимистони имсола барои ҳифзи олами парандаҳо ва ҳайвонот гузаронидани чунин иқдомот минбаъд низ идома меёбад.

Зикр гардид, ки баробари фаро расидани фасли сармо ва барфпӯш гардидани кӯҳҳо ҳайвонҳо ва парандаҳои нодир барои дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд. Гуруснагии онҳо метавонад боиси ба ҳалокат расидан ва ё ба ҳавлии истиқоматии одамон ворид шуданашон мегардад. Барои бо чунин муаммо рӯ ба рӯ нашудан масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҳамасола чораҳои мушаххас меандешанд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Январь 15, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад