СОЛИ 2023 — СОЛИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ИДМ. АМИТ «Ховар» нақшаи чорабиниҳои ба ин муносибат аз ҷониби сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод тасдиқшударо муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода шуд, бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 18 декабри соли 2020 соли 2023 дар кишварҳои Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардид.
Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо забони русӣ дар Тоҷикистон, ки тавассути пайванди видеоӣ баргузор шуд, чунин иброз доштанд:
«Тавре маълум аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар маҷмӯъ, мехоҳам зикр намоям, ки Точикистон ба инкишофи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Россия манфиатдор мебошад. Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».
Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва нақшаи чорабиниҳо метавон дар бахши русии АМИТ «Ховар» шинос шуд.
АКС: iacis.ru








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






