Дар Ҳисор озмуни «Ватанпарвар» доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми «Ватандӯстӣ ва рушд», ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, таҳти унвони «30 қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан» озмуни «Ватанпарвар» доир карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Озмуни мазкур дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз 1 то 14 феврали соли равон доир карда шуда, ташкилкунандагони озмун ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои заруриро барои иштирок дар он ба роҳ мемонанд ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамоянд. Даври дуюми озмун 16 феврал барои ғолибони ҷойҳои якуми даври аввал доир карда мешавад.
Тибқи талаботи Низомнома, дар озмуни мазкур донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор, нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва маҳаллаву деҳаҳои шаҳр иштирок карда метавонанд.
Дар озмун навиштани мақола, иншо, реферат дар мавзӯи таърих ва моҳияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми беҳтарин, ки бозгӯкунандаи хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, инчунин муайян намудани фаъолтарин нозири мизи ҳарбӣ дар дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, оилаи намунавӣ дар самти тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, маҳалла ва деҳаи фаъолтарин дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, спартакиадаи варзишӣ миёни ҷавонон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр аз ҷумлаи шартҳои асосӣ мебошанд.
Ғолибони озмун бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маорифи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақсади озмуни мазкур- ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии давлату миллат ба ҷаҳониён ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар самти ҳифзи марзу буми мамлакат мебошад.
АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






