Дар Ҳисор озмуни «Ватанпарвар» доир карда мешавад

Январь 23, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми «Ватандӯстӣ ва рушд», ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, таҳти  унвони «30 қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан» озмуни «Ватанпарвар»  доир карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Озмуни мазкур  дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз 1 то 14 феврали соли равон доир карда шуда, ташкилкунандагони озмун ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои заруриро барои иштирок дар он ба роҳ мемонанд ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамоянд. Даври дуюми озмун 16 феврал барои ғолибони ҷойҳои якуми даври аввал доир карда мешавад.

Тибқи талаботи Низомнома, дар  озмуни мазкур донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор, нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва маҳаллаву деҳаҳои шаҳр иштирок карда метавонанд.

Дар озмун навиштани мақола, иншо, реферат дар мавзӯи таърих ва моҳияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми беҳтарин, ки бозгӯкунандаи хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, инчунин муайян намудани фаъолтарин нозири мизи ҳарбӣ дар дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, оилаи намунавӣ дар самти тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, маҳалла ва деҳаи фаъолтарин дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, спартакиадаи варзишӣ миёни ҷавонон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр аз ҷумлаи шартҳои асосӣ мебошанд.

Ғолибони озмун бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маорифи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ карда мешаванд.

Мақсади озмуни мазкур- ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ,  эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии давлату миллат ба ҷаҳониён ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар самти ҳифзи марзу буми мамлакат мебошад.

АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Январь 23, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
БА ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! 29-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст