Дар мактаби №2-и шаҳри Норак озмуни «Хати зебо» гузаронида шуд

Январь 14, 2023 09:21

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои наврасон озмуни «Хати зебо»-ро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 — и шаҳри Норак озмуни мазкур дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 4 гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

«Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалбу тарғиби хушнависӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ёфтани хушхаттон дар байни хонандагон мебошад. Инчунин, ҳадафҳои дигари озмун роҳнамоӣ кардани хонандагон дар давраи таътили зимистона ба машқи хати зебо аст»,- гуфтанд роҳбарияти мактаби мазкур.

Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 — и шаҳри Норак ҳамчунин барои дар таътили зимистона ба мутолиаи китобҳои бадеӣ шуғл варзидани хонандагон тадбирҳои мушахас андешида мешаванд. Китобхонаи мактаб бо китобҳои бадеӣ таъмин буда, китобдор ба хонандагон барои интихоби асарҳои шавқовар ба хонандагон кумак мерасонад.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Январь 14, 2023 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад