Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз парлумон кори касбӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо аҳли Ҷамоати ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент баён намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Ғиёсиддин Шарифзода иброз намуд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ба дастгирии иҷтимоӣ шаҳрвандони эҳтиёҷманд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар Паёми худ зикр намуданд, ки “…то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад…”
Ғиёсиддин Шарифзода тазаккур дод, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаю поквиҷдонона ҳисса мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои мазкур дар доираи ҳафтаи парлумонии минтақавӣ дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






