Дар ноҳияи Ашт фабрикаи парандапарварӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд мешаванд

Январь 17, 2023 08:31

СУҒД, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва​ иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ шинос шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар додааст.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар ноҳияи Ашт бунёди фабрикаи мурғпарварӣ ба роҳ монда шуда, аксари корҳо ба сомон расонида шудаанд.​

Фабрикаи мурғпарварӣ барои 48 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардида, дар он мурғ барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешавад.

Дар марҳилаи дуюм саршумори паранда то ба 96 ҳазор расонида мешавад. Баробари ба кор андохтани фабрикаи мурғпарварӣ ​ноҳия бо гӯшти паранда пурра таъмин гардида, сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ин раванд масъулин азм доранд, ки дар ҳамин мавзеъ фермаи парвариши моли калон низ ба роҳ монанд. Барои ин замина аллакай мавҷуд буда, дар навбати аввал то 350 сар гови сиёҳало ворид карда мешавад, ки аз он 70 сараш ширдеҳ мебошад.

Инчунин дар назди шуъбаи ҷарроҳии рақами дуюми ноҳияи Ашт сохтмони таваллудхона бомаром ҷараён дорад. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 кат мебошад ва ба аҳолии панҷ ҷамоати ноҳия хизмат мерасонад.​

Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25, ки дар Ҷамоати деҳоти Ашт ҷараён дорад, шинос шуд. Муассиса бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 1200 хонанда дар ду баст бунёд мегардад.​

Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт Раиси вилоят бо сохтмони сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва коргоҳи коркарду банду басти гӯшти моҳӣ шинос гардида, ба масъулин барои татбиқи лоиҳаҳо тавсияҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Январь 17, 2023 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст