Дар Озмоишгоҳи миллии референсии Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» соли 2022 барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 11 860 ташхиси озмоишгоҳӣ тариқи ройгон анҷом дод. Чунин иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар.
Ба гуфти мавсуф, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа давоми соли 2022 дар умум аз тарафи озмоишгоҳ дар 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуданд.
Фаъолияти хубу босамари Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ», ки дорои дастгоҳҳои муосир ва шароити ташхисӣ мебошад, ба ташхиси саривақтӣ ва табобати дурусту босифат мусоидат менамояд.
Дар озмоишгоҳи мазкур шароити корӣ пурра фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.
Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






