Дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллии Тоҷикистон бахшида ба даври якуми омӯзиш ҳамоишҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз аввали моҳи январи соли 2023 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми омӯзиш ҷараён дорад. Ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулияти тантанавӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Чанде қабл дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат оид ба пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо вобаста ба баргузории даври якуми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади тантанавӣ ҷараён гирифт.
Ба ҷамъомаду машғулияти даври якуми омӯзиш муовинони Вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳо ва хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.
Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳошим Ғуломзода оид ба натиҷагирӣ аз даврҳои омӯзишӣ дар соли сипаригашта ва ҳадафу моҳияти мавзӯъҳои барои машғулияти даври якум пешбинигардида изҳори назар кард. Ӯ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи зинаҳо дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр муносибати ҷиддӣ талаб намуд.
Таъкид гардид, ки таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва авзои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Зеро тақвият бахшидани Қувваҳои Мусаллаҳ ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ду даври хониш доир мегардад. Нимсолаи якуми соли хониш аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад, нимсолаи дуюм аз моҳи июл шурӯъ гардида, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Дар ҳарду даври соли хониш як моҳ таътил дода мешавад, ки дар ин давра хизматчиёни ҳарбӣ ба омода намудани синфхонаҳои таълимӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисию сафороӣ, варзишӣ ва пурра мутобиқ намудани пойгоҳҳои моддӣ-таълимӣ машғул мешаванд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






