ЭҲТИЁТ БОШЕД, ШАКЛИ НАВИ ДУЗДӢ! Дар Душанбе ҷавондухтареро барои тасарруфи маблағҳо аз ҳамёни электронӣ дастгир намуданд

Январь 20, 2023 11:14

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 19-солаи шаҳри Душанберо бо ҷурми дуздӣ аз ҳамёнҳои электронии шаҳрвандон боздошт намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шакурӣ хабар дод.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи баррасии арзу шикояти шаҳрвандон якчанд чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  амалӣ намуда, як нафар ҷавондухтарро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Ин нафар шаҳрванд Носирова С.С., соли таваллудаш 06.10.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ суд шудааст.

«Номбурда шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои онҳоро ба корти бонкии худ интиқол медодааст. Аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як нафар савдогар маблағи 4490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст»,-изҳор дошт С.Шакурӣ.

Ҳамин тариқ, дастгиршуда С. Носирова 18 январи соли равон аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои «Шоҳмансур» низ 7190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.

Баъд аз дастгир гардидан аз номбурда як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Дар айни замон гумонбаршаванда С. Носирова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани иштирокаш дар дигар ҳолатҳои ҷиноятӣ корҳои  тафтишӣ идома доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе/манбаъҳои боз

Январь 20, 2023 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид