ЭҲТИЁТ БОШЕД, ШАКЛИ НАВИ ДУЗДӢ! Дар Душанбе ҷавондухтареро барои тасарруфи маблағҳо аз ҳамёни электронӣ дастгир намуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 19-солаи шаҳри Душанберо бо ҷурми дуздӣ аз ҳамёнҳои электронии шаҳрвандон боздошт намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шакурӣ хабар дод.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи баррасии арзу шикояти шаҳрвандон якчанд чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ намуда, як нафар ҷавондухтарро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ин нафар шаҳрванд Носирова С.С., соли таваллудаш 06.10.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ суд шудааст.
«Номбурда шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои онҳоро ба корти бонкии худ интиқол медодааст. Аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як нафар савдогар маблағи 4490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст»,-изҳор дошт С.Шакурӣ.
Ҳамин тариқ, дастгиршуда С. Носирова 18 январи соли равон аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои «Шоҳмансур» низ 7190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.
Баъд аз дастгир гардидан аз номбурда як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Дар айни замон гумонбаршаванда С. Носирова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани иштирокаш дар дигар ҳолатҳои ҷиноятӣ корҳои тафтишӣ идома доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе/манбаъҳои боз








Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






