ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Навъи сирояткунандатарини коронавирус дар Россия низ пайдо шуд

Январь 13, 2023 12:41

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Россия низ навъи нави омикрон-штамм «кракен», ки дар ИМА, Британияи Кабир ва дигар кишварҳои Аврупо фаъолона паҳн мешавад, пайдо гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Sputnik.

Навъи нав аллакай сирояткунандатарин аз ҳама намунаҳои қабилии сироят арзёбӣ шудааст. Он аз ҳама навъҳои интиқолшавандатарин аст.

Қаблан Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бинобар паҳншавии босуръати XBB.1.5., ки бо номи махлуқи афсонавии баҳрӣ «кракен» номида шудааст, ҳушдор дода буд.

XBB.1.5 бори аввал моҳи октябри соли 2022 дар ИМА ошкор гардид. Сироятҳое, ки аз ин зернавъ ба вуҷуд меоянд, дар ИМА ва Аврупо афзоиш ёфтаанд ва ҳоло дар зиёда аз 25 кишвар ба қайд гирфита шудааст.

Тавре Sputnik менависад, беморон онро хеле осон мегузаронанд, аломатҳои «кракен» аз штаммҳои қаблӣ фарқ намекунанд. Ҳамааш яксон аст — атсазанӣ, ҳарорати тақрибан 38 дараҷаӣ, дарди гулӯ, заифӣ, дарди бадан.

Дар ҳамин ҳол, дар Россия хабар доданд, ки дар робита ба ошкор гардидани навъи нав ҷорӣ кардани ягон маҳдудият дар назар нест. Илова бар ин, олимон ва эпидемиологҳои рус боварӣ доранд, ки «кракен» наметавонад ҷараёни пас аз пандемияро тағйир диҳад. Аксарият метавонанд бо он мубтало шаванд, аммо бисёриҳо пай намебаранд, ки гирифтори он шудаанд.

«СУТ ин зернавъро бодиққат назорат мекунад, хатарро арзёбӣ менамояд ва дар бораи он гузориш медиҳад. COVID-19, бешубҳа, мавзӯи асосии баҳс боқӣ хоҳад монд, аммо итминон дорам ва умедворам, ки бо кӯшишҳои дуруст ин соли расман ба охир расидани ҳолати фавқулоддаи тандурустии ҷамъиятӣ хоҳад буд», -гуфт чанде пеш Директори генералии Созмон Тедрос Адханом Гебрейесус.

АКС: photogenica.ru

Январь 13, 2023 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд