FAO: Нархи ҷаҳонии озуқаворӣ соли гузашта 14,3 фоиз боло рафт

Январь 9, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боло рафтани арзиши неруи барқ ва нуриҳои минералӣ соли 2022 нархи озуқаворӣ дар ҷаҳон нисбат ба як соли пеш 14,3 фоиз боло рафт. Дар ин бора рӯзи ҷумъа Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Субиндексҳои FAO нишон медиҳанд, ки соли 2022 нархи ғалла нисбат ба соли 2021 17,9 фоиз, равғани растанӣ 13,9 фоиз, маҳсулоти ширӣ 19,6 фоиз, гӯшт 10,4 фоиз ва шакар 4,7 фоиз афзудааст.

Моҳи декабри соли 2022 индекси нархи озуқавории FAO нисбат ба моҳи ноябр 1,9 дарсад коҳиш ёфт. Пастшавӣ нуҳ моҳ пай дар пай давом дорад, аммо индекс моҳҳои аввали соли 2022 якбора боло рафт, ки то охири сол аз ҳисоби миёнаи соли 2021 хеле болотар гардид.

Коҳиши моҳи декабр асосан аз он вобаста буд, ки бозорҳо ба номунтазамӣ дар тақсимот, хароҷоти баланди нархи нақлиёт ва кам шудани талабот аз сабаби суст шудани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ шуданд.

FAO борҳо ҳушдор дод, ки болоравии нархи маҳсулоти хӯрока ба амнияти озуқавории ҷаҳонӣ, махсусан дар кишварҳои камбизоат таҳдид менамояд.

АКС: akket.com

Январь 9, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид