ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-тамриниро дар Душанбе мегузаронад
ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев ба бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 март дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад, омодагӣ мебинад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҷамъомади дуюми таълимӣ-тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар он 27 бозингар – 3 дарвозабон, 9 дифоъгар, 9 нимҳимоягар ва 6 ҳамлагар шомиланд, то 19 январ дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Даста тибқи реҷа ду маротибагӣ тамрин карда истодааст. Дар вақтҳои нисфирӯзӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тамринҳояшро дар толори болопӯшидаи Академияи «Ювентус» дар шаҳри Душанбе гузаронида, бегоҳирӯзӣ тамринҳо дар маркази варзишии «Тоҷварз» гузаронида мешаванд. Рӯзи тамринӣ бо давидан дар майдони варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом меёбад.
Қобили зикр аст, ки дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки аз 1 то 18 марти соли 2023 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешаванд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «С» буда, бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) рақобат мекунад.
Тибқи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхати мустақим ба чемпионати ҷаҳон-2023 дар Индонезия мешаванд.
Акс: ФФТ








Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод






