ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷиҳати баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Туркия сафар кард
ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Туркия рафт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ сармураббии дастаи ҷавонони Тоҷикистон- мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев 26 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб сохтааст. Нимҳимоятгари дастаи «Атирау»-и Қазоқистон Хусрав Тоиров ва бозигари дастаи «Краснодар-2» Алиҷони Айнӣ дар ҳайати бошгоҳҳои худ дар Анталия қарор доранд ва дар бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ширкат мекунанд. Дар Анталия дастаи мо ҳафт вохӯрии санҷишӣ мегузаронад. Маълумот дар бораи рақибон баъдтар нашр мешавад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия мегарданд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов («Хатлон»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе даста);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Иргашев («Металлург», Узбекистон), Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Узбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Сунатулло Азизов («Хатлон»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






