ФУТБОЛ. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад

Январь 14, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оид ба футбол 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар ду марҳила доир мегардад. Қарори дахлдор 13 январ дар нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар навбати аввал – ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 бозӣ мегузаронад.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ (легионерҳо) дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ монад. Мисли соли гузашта ҳар як дастаи лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ ҳафт бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо панҷ бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонад дар майдон бошад.

Илова бар ин, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон дар соли 2024 бетағйир – 10 даста боқӣ монад.

Акс: ФФТ

Январь 14, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд