ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади тамринии дуюмро дар Душанбе шурӯъ намуд

Январь 13, 2023 08:24

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол ҷамъомади тамринии дуюми худро дар Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шурўъ кард. Дастаи мазкур пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе 19 январ ба Анталия сафар карда, тӯли як моҳ чанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев ба ин ҷамъомад 28 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво,  даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар Душанбе баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷавонони мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои  Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) рақобат мекунад.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор мунтахаби беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.

Акс: ФФТ

Январь 13, 2023 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад