Футболбози тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимов бо дастаи «Насаф»-и Қаршии Узбекистон қарордоди ҳамкорӣ имзо кард
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари 24-солаи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба дастаи «Насаф»-и Қаршӣ, ки дар мавсими нави Суперлигаи Узбекистон баромад мекунад, қарордоди ҳамкорӣ имзо кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсия футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Шартномаи Муҳаммадҷон Раҳимов бо «Насаф» то охири соли 2023 муҳлат дорад.
Қаблан Раҳимов дар дастаҳои «Равшан», «Ҳосилот» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, инчунин дар «Ордабаси»-и Қазоқистон бозӣ кардааст.
Муҳаммадҷон Раҳимов аз соли 2016 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 42 вохӯрӣ анҷом дода, ду гол задааст.
Акс: ФФТ








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






