ФУТЗАЛ. Фирӯз Бозмамадов фаъолияти касбии худро дар қораи Аврупо идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футзал Фирӯз Бозмамадов фаъолияти минбаъдаи касбии худро дар қораи Аврупо идома медиҳад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дастаи «Истиқлол».
Фирӯз Бозмамадови 23 — сола бо дастаи футзали «Спорт Полудне Лантсут»-и Лаҳистон қарордоди ҳамкорӣ баст. Ҷонибҳо дар бастани шартномаи яксола ва бо назардошти тамдид намудан барои як соли дигар (яъне 1+1) ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки тими «Спорт Полудне Лантсут» дар Лигаи дуюми Лаҳистон ҳунарнамоӣ мекунад. Фирӯз Бозмамадов аз марҳилаи дуюми Лигаи дуюми Лаҳистон, ки аз 15-уми январ оғоз мешавад, бозии худро оғоз хоҳад кард.
Инчунин, «Истиқлол»- и Душанбе Рустам Ҳамидовро ба бошгоҳи «Жетысу» (Талдықорғон) ба иҷора равон кард.
Рустам Ҳамидов шарафи намояндаи Суперлигаи Қазоқистонро ба муҳлати шаш моҳ ҳимоят карда, пас аз он ба «Истиқлол» бармегардад.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки узви дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва сарбони дастаи «Соро компания»-и Душанбе Файзалӣ Сардоров низ бо дастаи «Столица»-и Беларус шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Варзишгар дар нимаи моҳи январ ба ҳайати дасати Беларус мепайвандад.
АКС: ТВ Варзиш








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






