«ХЕЗ, ТО ҶАШНИ САДА БАРПО КУНЕМ…». Дар Душанбе иди Сада таҷлил карда мешавад

Январь 23, 2023 16:09

ДУШАНБЕ, 23.01.2023  /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ  намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо,  олимону адибони мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар дошта шудааст.

Таъкид бояд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Садаро мардуми тоҷик ба ҳамчун ҷашни кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини аслии мардумӣ таҷлил менамоянд. Бо иқдому супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгонамон эҳё гашта, шукӯҳу шаҳоматашон аз нав боло  меравад.  Зарурати ин иқдомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин баён дошта буданд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  иди Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯз навъҳои гуногуни дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо харидорӣ намоянд.

Шоири маҳбуб Алимуҳаммад Муродӣ иди ниёгонамон- Садаро чунин васф намудааст:

Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,
Ҳаст рамзи рӯҳи мардони бузург.
Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2023 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд