Игор Черевченко ба Душанбе омад ва аз дафтари КФ «Истиқлол» дидан кард
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Игор Черевченко, ки сармураббигии дастаи футболи «Истиқлол»-ро ба уҳда гирифт, шаби 16 январ ба Душанбе омада, аз дафтари КФ «Истиқлол» дидан кард. Ҳамроҳ бо Игор Черевченко, ки шартномаи ҳамкориро ба муҳлати як сол имзо намуд, инчунин дастпарвари дигари футболи тоҷик Юрий Батуренко низ ба Душанбе омад, хабар медиҳад sports.tj.
Интизор меравад, ки имрӯз Игор Черевченко бо роҳбарият ва ҳайати клуби футболи «Истиқлол» вохӯрӣ намояд.
Игор Черевченко 48 сол дорад, охирин дастаи ӯ «Химки»-и Москва буд, ки онро моҳи феврали соли 2022 тарк кард. Вай инчунин дар «Арсенал»-и Тула, «Балтика»-и Калининград, «Локомотив»-и Москва кор кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ «Локомотив» дар мавсими солҳои 2014/15 барандаи Ҷоми Россия шуд.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари футболбози маъруф, ҳоло марҳум Геннадий Черевченко аст, ки тақрибан тамоми фаъолияти худро дар «Помир»-и Душанбе гузаронида, солҳои зиёд ба ҳайси сарбони ин даста фаъолият кардааст.
Солҳои 1993-1994 Игор Черевченко дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, бо бозиҳояш дар дастаи «Локомотив»-и Москва низ маъруф аст. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум ӯ яке аз бозигарони асосии даста буд. Яке аз се футболбози Федератсияи Россия ҳамроҳ бо Дмитрий Парфенов ва Сергей Семак аст, ки ҳам ҳамчун бозигар ва чун сармураббӣ Ҷоми Россияро ба даст овардаанд.
Игор Черевченко Душанбеи азизашро фаромӯш намекунад ва тақрибан ҳар сол ба ин ҷо омада, дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба поси хотири падараш мусобиқаи кӯдакона мегузаронад.
Дастаи «Истиқлол» ғолиби феълии чемпионати Тоҷикистон аст. Ин даста 11 маротиба ҷой аввалро гирифта, 9 маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст, ки ин низ рекордӣ мебошад.
АКС: sports.tj








Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад






