Шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд

Январь 12, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.

Субҳи 12 январи соли равон роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода аст. Ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдуд карда шудааст.

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.

Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 12, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд