МУШКИЛОТ ҲАЛ МЕШАВАНД! Дар Душанбе садамаҳои хатҳои оби ошомиданӣ бартараф мегарданд

Январь 17, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти дастрасӣ ба об дар бисёр манзилҳои шаҳри Душанбе ба сардиҳои шадид ва садамаҳои бештар дар қубурҳо иртибот доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд.

Новобаста ба вазъи боду ҳаво кормандони КВД «Обу корези Душанбе» имрӯзҳо ҷиҳати бартарафсозии садамаҳои хатҳои оби ошомиданӣ ва корезӣ сафарбар гардидаанд.

«Кафшергарону челонгарон ба чуқурии то 7 метр фаромада, мушкилотро бартараф месозанд»,-гуфтанд дар корхона.

Ҳарчанд таҳхона ва қубурҳои оби ошомиданӣ ба ҳудуди хизматрасонии корхона дохил ҳам набошанд, вале тибқи супориши роҳбарият, кормандони корхона ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ва танқисии об ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд.

«Ҳамаи мушкилот бартараф карда мешаванд, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки сабуриро пеша намоянд»,-зикр намуданд дар КВД «Обу корези Душанбе.КВД «Обу корези Душанбе» иттилоъ медиҳад, ки ҳамарӯза аз оғози сардиҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати бартараф кардани садамаҳо дар қубурҳо фаъолият доранд.

Чанде қабл кормандони корхона дар ноҳияи Шоҳмансур садамаи мураккаби қубури қутраш 600 мм-ро, ки талафоти калони обро ба вуҷуд оварда буд, бо қувваи даст ва техникаи махсус бартараф карданд. Ин маълумот дар саҳифаи фейсбукии КВД «Обу корези Душанбе нашр шудааст.«Бинобар сардии зиёди ҳаво бисёр шаҳрвандон ба хотири пешгирии яхбандӣ дар қубурҳои оби ошомиданӣ ҷумакҳои обро кушода мондаанд, ки ин дар хонаҳои сокинон мушкили танқисии обро ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҳолат фишори об паст гардида, таъмини аҳолӣ бо об душвор мегардад. Мутахассисони корхона дар чунин вазъи боду ҳаво ба хотири рух надодани садамаҳо дар хати оби ошомиданӣ фишорро баланд карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ба қадри зарурӣ об захира намуда, ҷумакҳои обро маҳкам намоянд»,-гуфтанд дар корхонаи мазкур.

Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона, барои таъмини минтақаҳое, ки мушкили танқисии обро эҳсос намуда истодаанд,  мошинҳои обкаш сафарбар гардидаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз саҳифаи фейсбукии КВД «Обу корези Душанбе

Январь 17, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид