МУШКИЛОТ ҲАЛ МЕШАВАНД! Дар Душанбе садамаҳои хатҳои оби ошомиданӣ бартараф мегарданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти дастрасӣ ба об дар бисёр манзилҳои шаҳри Душанбе ба сардиҳои шадид ва садамаҳои бештар дар қубурҳо иртибот доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд.
Новобаста ба вазъи боду ҳаво кормандони КВД «Обу корези Душанбе» имрӯзҳо ҷиҳати бартарафсозии садамаҳои хатҳои оби ошомиданӣ ва корезӣ сафарбар гардидаанд.
«Кафшергарону челонгарон ба чуқурии то 7 метр фаромада, мушкилотро бартараф месозанд»,-гуфтанд дар корхона.
Ҳарчанд таҳхона ва қубурҳои оби ошомиданӣ ба ҳудуди хизматрасонии корхона дохил ҳам набошанд, вале тибқи супориши роҳбарият, кормандони корхона ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ва танқисии об ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд.
«Ҳамаи мушкилот бартараф карда мешаванд, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки сабуриро пеша намоянд»,-зикр намуданд дар КВД «Обу корези Душанбе.
КВД «Обу корези Душанбе» иттилоъ медиҳад, ки ҳамарӯза аз оғози сардиҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати бартараф кардани садамаҳо дар қубурҳо фаъолият доранд.
Чанде қабл кормандони корхона дар ноҳияи Шоҳмансур садамаи мураккаби қубури қутраш 600 мм-ро, ки талафоти калони обро ба вуҷуд оварда буд, бо қувваи даст ва техникаи махсус бартараф карданд. Ин маълумот дар саҳифаи фейсбукии КВД «Обу корези Душанбе нашр шудааст.
«Бинобар сардии зиёди ҳаво бисёр шаҳрвандон ба хотири пешгирии яхбандӣ дар қубурҳои оби ошомиданӣ ҷумакҳои обро кушода мондаанд, ки ин дар хонаҳои сокинон мушкили танқисии обро ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҳолат фишори об паст гардида, таъмини аҳолӣ бо об душвор мегардад. Мутахассисони корхона дар чунин вазъи боду ҳаво ба хотири рух надодани садамаҳо дар хати оби ошомиданӣ фишорро баланд карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ба қадри зарурӣ об захира намуда, ҷумакҳои обро маҳкам намоянд»,-гуфтанд дар корхонаи мазкур.
Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона, барои таъмини минтақаҳое, ки мушкили танқисии обро эҳсос намуда истодаанд, мошинҳои обкаш сафарбар гардидаанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз саҳифаи фейсбукии КВД «Обу корези Душанбе








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






