Корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН» бо фармоиши мизоҷони аврупоӣ маҳсулот содирот мекунанд

Январь 21, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаҳои муштараки ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН»-и Суғду Италия маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ, ба монанди шиму нимшимҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоизи таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Маҳсулот дар асоси фармоиши мизоҷони аврупоӣ омода гардида, асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Русия содирот карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

20 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН» ва роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» мулоқот баргузор гардид.

Зимни суҳбат аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, корхонаҳои муштарак 30 сол қабл бо ҷалби сармояи Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд. Дар корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда асосан содирот карда мешавад. Масалан, агар соли 2017 дар ҶДММ «Ҷавонӣ» ба маблағи 89,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда бошад, соли 2022 ба маблағи 111,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Имрӯзҳо дар ин корхона 775 нафар кор мекунанд, ки маоши онҳо то 3000 сомонӣ мебошад.

Дар ҶДММ «САТН» низ зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба назар расида, соли 2022 дар корхона ба маблағи 108,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар корхона ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Дар вохӯрӣ аз дастгириҳои давлатӣ ёдоварӣ гардида, барои тақвияти ҳамкорӣ дар оянда изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 21, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд