КВД «Обу корези Душанбе»: мушкилиҳои норасоии оби ошомиданӣ бартараф мешаванд

Январь 20, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони КВД «Обу корези Душанбе» дар чор ноҳияи пойтахт бино ба бино, кӯча ба кӯча  гашта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи мазкур Зуҳра Сафарзода хабар дод.

«Аксари биноҳои кӯҳнасохт худсарона қубурҳоро аз берун васл намудаанд, ки ба яхбандӣ дучор гардида, мушкили норасоии обро ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ бинобар худсарона васл намудани қубурҳо ба қубури асосӣ аз ҷониби сокинон низ садамаҳо рух додаанд. Ҷиҳати бартарафсозии он  Нозироти идоракунии минтақавии фонди хоҷагии манзил  дар ҳамкорӣ бо сокинони бино масъуланд. Вале новобаста ба ин кормандони КВД «Обу корези Душанбе» ба кумаки сокинон мешитобанд, то мушкили онҳоро бартараф намоянд»,-изҳор дошт З.Сафарзода.

КВД «Обу корези Душанбе» дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки обтаъминкунии баъзе биноҳои истиқоматӣ бо об душвор гардидааст, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, то сокинон бо об таъмин бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар биноҳои Айнӣ 72/А, 72/4, 72/5, 72/6, 74/1, 74/2, 76, 82/1, Назаршоев 325-и ноҳияи Шоҳмансур, дар бинои Рӯдакӣ 91, 93, 94, 95-и хиёбони Рӯдакӣ, 191 ноҳияи И.Сомонӣ, Зарафшон 22, биноҳои 3 ва 4-ошёнаи кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расиданд, ки кормандони корхона онҳоро сари вақт бартарф намуданд.

Дар ин шабу рӯзҳои сарди зимистон кори КВД «Обу корези Душанбе» дучанд ва душвортар гардидааст. Зеро сардии ҳаво яхбандии қубурҳоро ба вуҷуд оварда, ҷиҳати интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинон монеа эҷод менамояд.

«Агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби дигар зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба вуқӯъ пайвастааст»,- илова кард З. Сафарзода.

Ба гуфтаи ў, «омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад. Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд».

Бояд гуфт, ки зимистони сарди имсола дар сохтори обтаъминкунии тамоми шаҳрҳои бузурги дунё мушкилӣ ба бор овардааст. Яъне, ҳам яхбандии қубурҳои оби ошомиданӣ ва ҳам ба вуҷуд омадани садамаҳои хати оби нӯшокӣ ва корезӣ кори ин ниҳодро душвор мегардонад. Бахусус, дар якчанд шаҳрҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ин гуна мушкилиҳо ҳамарӯза рух дода истодаанд.

Ба иттилои КВД «Обу корези Душанбе», айни ҳол кафшергарону челонгарон дар чор ноҳияи шаҳр муроҷиату арзи шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ҷиҳати таъмин бо оби нӯшокӣ ёрии амалӣ мерасонан.

Дар сурати пайдо шудани савол сокинон метавонанд ба рақамҳои 222 21 63 муроҷиат намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: КВД «Обу корези Душанбе»

Январь 20, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид