Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Россия довталабони тоҷикро барои таҳсил даъват менамояд

Январь 12, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 12.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ — методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

Айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2024, барои бакалавр, спетсиалитет ва магистратура оғоз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирӣ дар сомонаи education-in-russia.com то 20 феврали соли равон идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 12, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст