Меҳдӣ Таремӣ ба ҳайати рамзии мунтахаби қитъаи Осиё оид ба футбол шомил шуд

Январь 18, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Порту»-и Португалия ва дастаи мунтахаби Эрон Меҳдӣ Таремии 30-сола, бино ба арзёбии  Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (ФБТОФ) ба ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи қитъаи Осиё шомил шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ИРНА.

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (ФБТОФ) раддабандии (рейтинги)  даҳгонаи голзанҳои беҳтарини ҷаҳонро дар соли 2022 нашар кард, ки дар он Меҳдӣ Таремӣ беҳтарин нишонзани Осиё дар соли 2022 донист шуд.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Эрон соли 2022 дар дастаи «Порту» 21 гол ва дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон 5 гол задааст.

Қаблан ҳамлагари эронии дастаи «Порту» Меҳдӣ Таремӣ беҳтарин бозингари чемпионати Португалия ва чаҳорумин голзани УЕФА эътироф шуда буд.Мисли ду мавсими қаблӣ Таремӣ соли гузашта дар 23 бозӣ 18 гол зада, 9 партофти головар анҷом додааст. Ситораи дастаи мунтахаби футболи Эрон, низ ба гузориши сомонаи португалии OJOGO, ба феҳрасти беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи дастаи Португалия шомил шуд. Таремӣ дар раддабандии (рейтинги) голзанҳои яке аз бонуфузтарин ва муваффақтарин бошгоҳҳои Португалия ба рекорди рамзӣ расид.

Таремӣ бо 37 гол дар 51 бозӣ чаҳорумин беҳтарин ҳамлагари УЕФА маҳсуб мешавад. Дар ин раддабандӣ ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе, Эрлинг Холанд аз Норвегия ва Роберт Левандовски аз Лаҳистон аз Таремӣ пеш гузаштаанд.

Акс: ИРНА

Январь 18, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд