Мусофирони ҳавопаймое, ки ба Алма-Ато парвоз мекарданд, бинобар ҷараёни турбулентӣ осеб диданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Air Astana ҳангоми сафар аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Алма — Ато рӯзи душанбе, 2 январ ба минтақаи шадиди ҷараёни турбулентӣ афтод. Ҳафт мусофир сӯхта, ҷароҳат бардоштанд. Аз рӯи далели ҳодиса тафтиш гузаронида мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар хадамоти матбуоти ширкати интиқолдиҳанда иттилоъ додаанд.
Дар хадамоти матбуот муайян карданд, ки «ҳавопаймо ногаҳон ба минтақаи шадиди ҷараёни турбулентӣ афтод».
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса ҳафт мусофир ҷароҳатҳои гуногуни сӯхтагӣ гирифтаанд.
Ҳайати идоракунандаи ҳавопаймо ба мусофирони ҷароҳатгирифта ёрии аввалини тиббӣ расонид. Илова бар ин, дар фурудгоҳ онҳоро мошинҳои ёрии таъҷилӣ мунтазиранд, афзуданд дар Air Astana.
Дар ширкати ҳавопаймоӣ инчунин ба зарардидагон изҳори ҳамдардӣ карда, ваъда доданд, ки ба мусофирони хатсайр тамоми кумаки заруриро мерасонанд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКСИ иллюстративӣ: facebook.com/airastana








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






