Мусофирони ҳавопаймое, ки ба Алма-Ато парвоз мекарданд, бинобар ҷараёни турбулентӣ осеб диданд

Январь 3, 2023 12:26

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Air Astana ҳангоми сафар аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Алма — Ато рӯзи душанбе, 2 январ ба минтақаи шадиди ҷараёни  турбулентӣ афтод. Ҳафт  мусофир  сӯхта, ҷароҳат бардоштанд. Аз рӯи далели ҳодиса тафтиш гузаронида мешавад.  Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар хадамоти матбуоти ширкати интиқолдиҳанда иттилоъ додаанд.

Дар хадамоти матбуот муайян карданд, ки «ҳавопаймо ногаҳон ба минтақаи шадиди ҷараёни  турбулентӣ афтод».

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса ҳафт  мусофир ҷароҳатҳои гуногуни сӯхтагӣ гирифтаанд.

Ҳайати идоракунандаи ҳавопаймо ба мусофирони ҷароҳатгирифта  ёрии аввалини тиббӣ расонид. Илова бар ин, дар фурудгоҳ онҳоро мошинҳои ёрии таъҷилӣ мунтазиранд, афзуданд дар Air Astana.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ инчунин ба зарардидагон изҳори ҳамдардӣ карда, ваъда доданд, ки ба мусофирони хатсайр тамоми кумаки заруриро мерасонанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКСИ иллюстративӣ: facebook.com/airastana   

Январь 3, 2023 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд