«НАҚШИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Дар ин мавзўъ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид

Январь 28, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии  Тоҷикистон дар иртибот ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» конфронси илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар конфронс гуфта шуд, ки дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо низ дар тарбияи ватандӯстӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Зеро осорхонаҳо ойинаи таърих, маркази ҳифзи мероси ниёгон, баёнгари воқеаҳои тақдирсоз, посдори урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ, маркази тарбияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастию башардӯстӣ, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва аз ҳама муҳимтар, муҳофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошанд.

Иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши экскурсия дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон», «Таҳкими маорифи миллӣ–василаи тарбияи ватандӯстӣ», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва моҳияти он», «Инъикоси афкори ватандӯстӣ дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик» ва «Нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон»  маъруза намуданд.

«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад», — иброз гардид дар конфронс.

Имрӯз ватандӯстӣ рукни асосии мафкураи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 28, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид