Нишасти матбуотӣ: «Соли 2022 зиёда аз 1739 гектар ҷангалзор бунёду барқарор карда шуд»
ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист соли сипаригардида вобаста ба тағйирёбии иқлим корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор дар майдони 1739,9 гектар иҷро гардиданд. Чунин иброз намуд директори агентӣ Абдуҷаббор Юсуфзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Гуфта шуд, ки агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.
«Дар системаи Агентӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои ниҳолпарварӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва 42 ниҳолхонаи хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамоянд. Дар онҳо парвариши зиёда аз 42 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳо ба миқдори умумии зиёда аз 2 миллиону 283 ҳазор бех ба роҳ монда шудааст. Аз ин миқдор беш як миллиону 290 ҳазор бехи он барои шинонидан тайёр карда шудаанд», -иброз дошт Абдуҷаббор Юсуфзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






