Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд

Октябрь 22, 2026 18:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Конфронси   Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17) дар Арманистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини директори генералӣ ва директори Департаменти рушди тиҷорат ва аккредитатсияи «ARMSWISSBANK» Ара Макарян мулоқот намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот   ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин раванди аккредитатсияро барои бонкҳои хусусӣ ва давлатӣ барои дастрасӣ ба фондҳои байналмилалии иқлимӣ баррасӣ намуданд. Раиси Кумита инчунин дар бораи пешрафти Тоҷикистон дар ҷалби маблағгузории иқлимӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои охири Фонди иқлимии сабз ба маблағи умумии 190 миллион доллар сухан гуфта, аҳамияти ҷалби муассисаҳои молиявии миллиро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот таҷрибаи муваффақонаи «ARMSWISSBANK» таъкид карда шуд. Моҳи феврали соли 2025 он аввалин ва ягона муассисаи хусусии Арманистон гардид, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз аккредитатсия шудааст. Бонк дастрасии мустақим ба маблағгузории иқлимӣ ва имконияти ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои лоиҳаҳои экологӣ ва рушди устуворро ба даст овард.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷриба ва иттилоотро дар бораи аккредитатсияи муассисаҳои молиявӣ ва таҳияи механизмҳои маблағгузории иқлимӣ мубодила ва омодагияшонро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт тасдиқ намоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2026 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид