ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Январь 5, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 7-12  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дарҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Январь 5, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид