ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР АҒБА. Дар Узбекистон 400 нафари дар ағбаи Қамчиқ бандмондаро тахлия карданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қатораҳои вижа ҳудуди 400 нафарро дар ағбаи Қамчиқи Узбекистон, ки бар асари бориши барф баста шуда буд, тахлия карданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбеи 4 январ дафтари матбуоти «Роҳи оҳани Узбекистон» хабар додааст.
«Ҳаракати қатораи махсуси рақами 902 бо алоқаи роҳи оҳани Ангрен-Орзу-Поп барои мусофироне, ки дар канори ағба қарор гирифта буданд, ташкил карда шуд ва имрӯз соати 04:42 қариб 400 нафар шаҳрвандон тахлия карда шуданд», — омадааст дар иттилоия.
Зимнан тахлия то ҳол идома дорад.
Қобили зикр аст, ки ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, шаби 4 январ бар асари боридани барф ва эълони хатари фаромадани тарма дар ағбаи Қамчиқ ҳаракати нақлиёт дар ягона шоҳроҳи А-373 муваққатан манъ карда шуд.
Дар робита ба вазъияти фавқулода барои тахлияи одамоне, ки ҳангоми маҳкам шудани шоҳроҳ натавонистанд ба роҳ бароянд, ситоди фаврӣ таъсис дода шуд.
АКС: © Маркази матбуоти ВҲФ ҶУ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






