ҶОМИ ФФТ-2023. Имрӯз дар Ҳисор марҳилаи муқаддамотии мусобиқот дар минтақаи Душанбе оғоз мегардад

Январь 26, 2023 11:03

 ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 январ дар шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 оғоз мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ФФТ хабар доданд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунанд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомиланд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» бозӣ мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии минтақаи Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор карда мешаванд.

Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбад.

Аз вилоятҳои Суғду Хатлон дудастаӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми федератсия-2023 роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки имсол фонди умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз аз ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандагони медалҳои нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҷоми ФФТ-2023
Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А»: «Равшан», «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол», «Кӯктош».

Гурӯҳи «Б»: КМВА, «Шодмон», «Душанбе», «Барқчӣ».

Даври 1
Гурӯҳи «А»
26 январ (панҷшанбе)

11:00 – «Равшан – «Кӯктош»
14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Гурӯҳи «Б»
27 январ (ҷумъа)

11:00 – КМВА – «Барқчӣ»
14:30 – «Шодмон» – «Душанбе»

Даври 2
Гурӯҳи «А»
29 январ (якшанбе)

11:00 – КМВА – «Барқчӣ»
14:30 – «Шодмон» – «Душанбе»

Гурӯҳи «Б»
30 январ (душанбе)

11:00 – «Барқчӣ» – «Душанбе»
14:30 – КМВА – «Шодмон»

Даври 3
Гурӯҳи «А»
1 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»
14:30 – «Истиқлол» – «Равшан»

Гурӯҳи «Б»
2 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Шодмон» – «Барқчӣ»
14:30 – «Душанбе» – КМВА

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Акс: ФФТ

Январь 26, 2023 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад